Хабарҳо

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУ СКИНҲЕДИ РУС БАРОИ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ЯК ТОҶИКУ ЯК ДОҒИСТОНӢ

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУ СКИНҲЕДИ РУС БАРОИ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ЯК ТОҶИКУ ЯК ДОҒИСТОНӢ

Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав рӯзи 27 июли соли 2022 ду миллагтарои рус Сергей Маршаков ва Максим Аристарховро дар куштори бераҳмонаи зодаи Доғистон Шамил Удаманов ва боз як нафари шахсияташ номаълум, ки ғолибан муҳоҷири тоҷик буд, гунаҳкор шинохт. Барои ин кушторе, ки соли 2007 дар ҷангаи Лосиний Остров дар канори шаҳри Маскав содир шуда буд, додгоҳ Аристарховро ба 16 сол ва Маршаковро ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Тафтишот ва додгоҳ муайян кардаанд, ки моҳи апрели соли 2007 Аристархов ба саффи созмони ифротии ҳоло дар Русия мамнӯи “Формат 18”, ки ба он миллатгарои ашаддӣ Максим Мартсинкевич, мулаққаб ба «Тесак» роҳбарӣ мекард, пайвастааст. Дар ин созмон ӯро ба куштори бераҳмона ва намоишкоронаи ду зодаи Доғистону Тоҷикистон ҷалб кардаанд. Аристархов, тибқи нақшаи кашидаи сартарошидаҳо, мебоист макони анҷоми кушторро тайёр карда, лаҳзаи куштани он ду нафарро ба навор мегирифт ва сабташро дуруст карда, дар Интернет мегузошт.

Сартарошидаҳо қурбониёни ояндаро аз байни муҳоҷирон пайдо карда, онҳоро бо ин дурӯғ, ки гӯё дар як намоиши саҳнасозишуда бояд иштирок кунанд, ба ҷҷангали “Лосиний остров” бурда, ҳардуро бо бераҳмии махсус куштаанд. Дар видеое, ки дар Интернет бо номи “Қатли тоҷик ва доғистонӣ” («Казнь таджика и дага») нашр шуд ва сару садои зиёде ба бор овард, лаҳзаи куштани он ду бечораи бахтбаргашта сабт шуда, дида мешавад, ки афроди ниқоб дар рӯ дар зери парчам бо свастикаи фашистӣ он тоҷику доғистониро бо дасту по ва чашмони баста гузоштаанд ва сипс якеро парронданду дуюмиро бо корд сарашро аз тан ҷудо карданд.

Хешовандонаш дар яке аз қурбониҳо зодаи деҳаи Султон-Янгӣ-Юрт и ноҳияи Қизилюрти ҷумҳурии Доғистон Шамил Удамановро шинохтанд. Шахсияти қурбонии дуюмро то ҳол муайян накардаанд, вале бовар меравад, ки ӯ зодаи Тоҷикистон аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button