ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Наздикони Нозанин Баҳромӣ аз ҳабси ӯ хабар доданд

Хешовандони Нозанин Баҳромӣ, ҳунарпешаи театри Эрон, гуфтанд, ки ӯро маъмурони махфии полис дар Теҳрон дастгир кардаанд.

Баҳромӣ яке аз 800 зане буд, ки зери изҳороте дар бораи озори «доимӣ»-и ҷинсӣ ва хушунат алайҳи занон дар саноати филмсозии Эрон ва даъват ба ҷазои хилофкорон имзо гузошта буд.

Наздикони Баҳромӣ гуфтанд, ӯ дар роҳ аз кор ба хона дастгир ва ба боздоштгоҳ бурда шудааст. Маълум нест, ки ӯ ҳоло дар куҷо аст ва мақомот то ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Чанд моҳи охир ба мақомоти эронӣ дар масоили ҳуқуқи занон зиёд фишор меоранд ва дар ҷавоб мақомот ҳам аз иқдомҳои саркӯбкунанда кор мегиранд.

Аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳнаҳои ҳабсу боздошти занон аз ҷониби полиси ахлоқ ба иттиҳомҳое мисли вайрон кардани қоидаи пӯшидани ҳиҷоб зиёд нашр мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button