Хабарҳо

ДАРГУЗАШТИ ҶУНАЙДХОН ИБОДОВ – ҲУҚУҚШИНОСИ ШИНОХТА ВА ҲАМСАРИ ОЙНИҲОЛ БОБОНАЗАРОВА

ДАРГУЗАШТИ ҶУНАЙДХОН ИБОДОВ – ҲУҚУҚШИНОСИ ШИНОХТА ВА ҲАМСАРИ ОЙНИҲОЛ БОБОНАЗАРОВА

Ҷунайдхон Ибодов, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик, ҳамсари ҳомии маъруфи ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова ва падари Парвина Ибодова, раҳбари собиқи Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, рӯзи 26 июли соли 2022 дар Душанбе дар синни 74 аз олам чашм пӯшид. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ҷунайдхон Ибодов ба иллати сактаи қалб вафот кардааст.

скончался от сердечного приступа.

Маросими ҷанозаи марҳум нимаи дуюми рӯзи 26 июл, соати 17:30 дар масҷиди ҷомеи зодгоҳаш — ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара баргузор мегардад.

Идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба наздикони Ҷунайдхон Ибодов изҳори ҳамдардӣ мекунад. Дуо мекунем, ки Худованд гӯшае аз Ҷаннатро насибашон гардонад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button