ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Қабул ба синфи 1 дар Тоҷикистон ройгон аст: Ҳушдори мақомоти маориф аз фасодкорӣ

Аз волидоне, ки фарзандашон соли равон ба мактаб мераванду дар ин раванд дучори фасодкории масъулин масъулин шудаанд, хоста шуд, ки ба мақомот муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 24 июл —  Қабули кӯдакон ба синфи якуми гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ тариқи ройгон сурат мегирад, хабар дод Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Хабаргузории «Ховар» аз қавли сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода таъкид намудааст, ки қабули ройгон ба синфи якро Конститутсияи кишвар кафолат додаст.

Тавзеҳ дода шудааст, ки дар муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ низ, бе назардошти маблағи шартнома ин раванд ройгон ба роҳ монда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button