Хабарҳо

Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, ки ба номи масҷиди “Ҳоҷӣ Яъқуб” маъруф аст, бозсозӣ мешавад.

Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, ки ба номи масҷиди “Ҳоҷӣ Яъқуб” маъруф аст, бозсозӣ мешавад.

Ду сол пеш сару садо пайдо шуда буд, ки эҳтимол ин масҷид тахриб ё ба ҷои дигар кучонида шавад.

Ҷамшед Сафар, масъули ширкати «Сабо» дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки “корҳои таъмирӣ дар ин ҷозибаи таърихӣ, сайёҳӣ ва ибодатиро бар душ гирифтааст.» Ӯ бо нашри аксҳои тарҳи нави бозсозии масҷид навиштааст, ки “намои ин масҷиди овозадорро бо рангҳои сафеду сабз ҷилои наву таровати тоза” мебахшанд.

Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб аз масҷидҳои маъруф дар Душанбе аст, ки садҳо нафар намозҳои ҷумъаро дар онҷо мегузоранд. Дар назди ин масҷид мадраса ва Шӯрои уламо ҷой дода шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button