Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Видеои ҷалби қирғизистониҳо ба ҷанги Украина нашр шуд

Расонаи «MediaHub» дар Ютуб видеоеро нашр кард, ки нишон медиҳад, чӣ гуна як ширкати хусусии низомии Русия қирғизҳоро ба ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Ба иттилои расона, ахиран дар шабакаи «Instagram» эълон дар бораи ҷалби шаҳрвандони Қирғизистон ба ширкати хусусии амниятӣ (ширкати хусусии муҳофизатӣ) дар минтақаҳои Русия нашр шуд.

“Рақаме, ки дар эълон зикр шудааст, танҳо як тег — «PMC Wagner» дорад. Дар рафти мукотиба маълумот дода шуд, ки созмон ба манфиати Вазорати дифои Русия кор мекунад. Ба довталабон пешниҳод карда мешавад, ки аввал ба хоҷагии Молкино дар Краснодар ва сипас аз онҷо барои иштирок дар ҷанги Украина мераванд», — мегӯянд рӯзноманигорони «MediaHub».

«MediaHub» афзудааст, дар наздикии Молкино пойгоҳи низомии Русия ва як иншооти марбут ба ширкати «Вагнер» ҷойгир аст.

Ин гуна эълон дар шабакаҳои иҷтимоии узбекӣ низ нашр шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button