Хабарҳо

Чаппа шудани воситаи нақлиёт ба чуқурии 40 метр

20-уми июли соли 2022, тахминан соати 19:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-2705», Шарипов Аслон Усмонович, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба чуқурии тахминан 40 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофиронаш: Раҳимов Гул Хуҷович, соли таваллудаш 1965, Умонқулова Зайнура Шодмонқуловна, соли таваллудаш 1981, Зиёев Акрамали Абдухолиқович, соли таваллудаш 1999 ва Воҳидова Мавлуда, соли таваллудаш 1961, сокинони ноҳияи Айнӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аз ҷароҳатҳои бардоштаашон Раҳимов Г.Х. ва Умонқулова З.Ш. дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button