ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ЯКЕРО 13 КОРД ЗАДААНД, ДУЮМИРO 11 КОРД… ТАФСИЛОТИ КУШТОРИ ДУ ЗАНИ ФАРРОШ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Хабари куштори ду зани фаррош дар маркази ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд як хабари аз ҳама пурсарусадои рӯзҳои охири Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Сомонаи Farazh.tj бархе тафсилоти ин куштори бераҳмонаро нашр кардааст. Мӯниса Фозилова, яке аз хешовандони ду зани кушташуда ба “Фараж” гуфт, кушташудагон Вориса Фозилова хоҳари ӯ ва Умеда Зокирова зани додараш мешаванд. Онҳо сокинони деҳаи Ғазантараки ҷамоати Ғазантарак будаанд ва ҳарду 3 сол инҷониб дар Идораи замини ноҳияи Деваштич, ба ҳайси фаррош, кор мекарданд.

– Аз сабабе, ки кормандони идора рӯзҳои шанбе то дервақт кор мекунанд, фаррошон рӯзи якшанбе барои тоза кардани утоқҳои корӣ мераванд. Ҳодиса рӯзи якшанбеи 17-уми июл рух дод. То ҳанӯз сабабҳои ҳодисаро намедонем. Ин ду нафар шахсони одӣ ва беозор буданд. Музди ночиз мегирифтанд ва меҳнати ҳалол мекарданд. Як рӯз қабл дар идораи замин камтар сӯхтор шуда будааст. Фаррошҳо барои тоза кардани оқибати оташсӯзӣ рафта буданд. Хоҳарам 56 сол ва келинамон 45 сол доштанд. Аз хоҳарам Вориса 1 писар ва аз зани додарам Умеда 3 духтари ноболиғ ятим монданд, – нақл кардааст Фозилова.

Мӯниса Фозилова гуфт, якеро бо 13 зарби корд ва дуюмиро бо 11 зарбаи корд куштаанд: “Як келинамон духтур аст, вақти шустани бадани майитҳо ҳамааш маълум шуд. Пайи кордҳоро ҳисоб кардем, яке 13 ва дигаре 11 захми корд дошт, ки хеле чуқур буданд”.

Бо гумони даст доштан дар куштори ин ду зан нафаре бо номи Сабоҳиддин Мунавварзода боздошт шудааст. Бархе манобеъ ӯро корманди идораи замини ноҳияи Деваштич ва бархеи дигар корманди идораи ободонӣ ном мебаранд. Ба Саҳобиддин Мунавваров барои куштани ду нафар то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Одобрить

Отклонить

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button