ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Мақомот гуфтанд, “Роҳат”-ро вайрон намекунанд

Мақомот гуфтанд, бинои асосии чойхонаи «Роҳат»-ро дар Душанбе вайрон намекунанд.

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, бар пояи «Генплан» тахриби чойхона дар назар нест.

«Дар паси чойхона иморати нави Вазорати адлияи Тоҷикистон сохта мешавад. Атрофи онро гулзор мекунанд. Чойхона мемонанд,» – афзуд ӯ.

Зувайдзода дар идома гуфт, «бинои Донишгоҳи тиббӣ, Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ тахриб намешаванд».

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш баъзе аз манобеъ аз оғози тахриби бахшҳои чойхонаи «Роҳат» ва эҳтимоли вайрон кардани Театри ба номи Лоҳутӣ хабар доданд.

Дар пайи иҷрои «Генплан», то ҳол чанд бинои қадимии Душанбе ба мисли биноҳои шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзӣ, Театри ба номи Маяковский ва Кохи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон карда шуданд.

Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод, ки театри Маяковский дар бинои синамохонаи «Тоҷикистон» ҷойгир хоҳад шуд. Ба қавли ӯ, Русия ваъда додааст, ки дар муҷаҳҳаз кардани бинои театр мусоидат мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button