АфғонистонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Оғози ҷанги шадид дар Панҷшер: мулло Ёқуб ба Андароб рафт

Вазири дифои толибон ба Андароб рафт ва шуморе аз ҷангҷӯёнашро бо чархболҳо ба дарвозаи вилояти Панҷшер интиқол додааст. Ҷангҳои шадид ҳамин акнун ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъйид кардааст, ки даргириҳои шадид дар Панҷшер оғоз шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Омоҷнюз” .

Тибқи иттилои манбаъ, ҷангҷӯёни Ҷабаҳаи Муқовимат тамоми омодагиҳо барои ҷангидан дар баробари толибонро гирифтаанд.

Агар чӣ толибон дар мавриди ҷанги Панҷшеру Андароб чизе намегӯянд, аммо як фармондиҳи маҳаллии толибон дар Панҷшер мегӯяд, ки пас аз нашри навори савтии мулло Ёқуб дар мавриди поин сохтани парчами толибон аз сӯйи муқовиматгарон дар Хусти вилояти Бағалон акнун ин ҷанги ҳайсиятӣ шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button