Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Байден пинҳонӣ аз толибон пуштибонӣ мекунад? Президенти ИМА дар чӣ гумонбар аст

Ҷумҳурихоҳон бори дигар эълом карданд, ки аз мухолифон дар Афғонистон пуштибонӣ мекунанд. Суханронӣ ба манзури оштӣ бо толибон аз заъфи Амрико шаҳодат медиҳад

ДУШАНБЕ, 15 июл —  Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ба пуштибонӣ аз толибон муттаҳам мешавад. Дар ин бора сенатори ҷумҳурихоҳ аз иёлати Иллинойс Адам Кинзингер изҳорот дод.

Матни муроҷиат дар вебсайти сиёсатмадор нашр шудааст. Вай иддао мекунад, ки сарвари Қасри Сафед «иродаи дифоъ аз некиро гум кардааст».

Ба гуфтаи Кинзингер, суботи қаблии ноустувор дар Афғонистон аз байн рафта, кишвар ба паноҳгоҳи террористон табдил ёфтааст. Вай таъкид кард, ки толибон низ барои дифоъ аз ҳуқуқи занон ва қонеъ кардани дархостҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳозир нестанд.

Кинзингер гуфт, ки лафзи оштӣ нисбат ба мақомоти нави Афғонистон аз заъфи Вашингтон шаҳодат медиҳад. Дар айни замой вай ба тарафдории Ҷабҳаи муқовимати миллӣ баромад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button