ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Гӯшт зиёду тухму шир кам: хоҷагидорони Тоҷикистон чӣ ва чанд истеҳсол кардаанд?

Тоҷикистон тавлиди ғалла, картошка ва гӯштро дар нимсолаи аввали соли равон зиёд карда, тавлиди шир, тухм, асал, пашм ва моҳиро коҳиш додааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон тайи 6 моҳи аввали соли равон ба маблағи беш аз 13 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиси ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2% зиёд мебошад.

Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ ба 8,5 млрд сомонӣ ва чорвопарварӣ ба 4,5 млрд сомонӣ баробар гардидаст.

«Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ВМКБ 171 млн сомонӣ, дар вилояти Суғд 3,3 млрд сомонӣ, Хатлон 7,7 млрд сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ 1,7 млрд сомониро ташкил додааст», — омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки истеҳсоли ғалладона дар нимсолаи аввал муодили 688 ҳазор тонна шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 6% зиёд мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button