Хабарҳо

Расонидани зарари моддӣ бо роҳи қаллобӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 41-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2021 зани 43-солаи сокини шаҳри зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 310 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда соли 2021 аз марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур барои фурӯш 200 грамм ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ гирифта, онҳоро фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 90 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button