ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Президент раиси суди Олии иқтисодиро барканор карду 13 додраси дигарро таъин

Кишвардори Тоҷикистон бозхонди раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинаш, ҳамчунин таъини 13 додраси дигарро ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаи додрасҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардиданд, барои гуфтугӯ ба ҳузур пазируфт.

Ҳамин тавр, мутобиқи банди 8 моддаи 69 конститутсия, президент пешниҳод кард, ки раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан ва муовинаш Комилӣ Файзалӣ аз вазифа озод карда шаванд.

Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки 13 додраси дигар таъин карда шаванд:

Мирзозода Рустам Пираҳмад ба вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Комилӣ Файзали ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Хайриддинзода Азизбек ба вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Одиназода Ҷонфидо Халил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Бекзода Абдураҳим Абдулло ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ёқубзода Абдураҳмон Холдор ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Маҳмадзода Хуршед Бобохон ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Солеҳзода Зарина Тағойназар ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Усмонзода Тоҷиддин ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Хафиззода Темур Ҷамшед ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button