ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Оғози сабти IMEI-кодҳо дар Тоҷикистон ва эҳтимоли қатъи кори садҳо ҳазор симкорт

Шаҳрвандоне, ки сим-кортҳояшонро дар Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифтаанд, сабти IMEI-коди дастгоҳи мобилияшон автоматӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳудуди 2,8 симкорт дар Тоҷикистон ҳанӯз бо пешниҳоди шиносномаҳои нав ба қайд гирифта нашудаанд, ки аз ин 1,4 млн ададаш фаъол мебошанд.

Ин нуктаро Илҳомҷон Атоев, ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошт.

Атоев аз шаҳрвандон даъват намуд, ки симкортҳояшонро аз нав ба қайд гиранд, то хизматрасонӣ ба онҳо қатъ нашавад.

Ба гуфтаи масъулини Хадамоти алоқа, агар симкорт бо истифодаи шиносномаи нав ба қайд гирифта шавад, сабти IMEI-коди таҷҳизоти соҳиби симкорт автоматӣ сурат мегирад.

Атоев изҳор дошт, ки аллакай таҷҳизоти зарурӣ насб карда шуда, ширкати ватании «Net Solution» ба ин кор машғул мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button