Хабарҳо

Муҷозоти як зан дар Бохтар барои худкушии духтараш

Дар шаҳри Бохтар як занро ба гуноҳи ба худкушӣ расондани духтараш ба 5 сол зиндони шартӣ маҳкум кардаанд.

Ҳукми Муборак Гиёева ду ҳафта пеш эълон шуд.

Духтари ӯ, Бибисония Тағоеваи 14-сола, тобистони гузашта бо таноб худро кушт.

Мақомот мегӯянд, “ӯ ба бадрафторӣ, латукӯби пайваста ва паст задани шаъну эътибораш тоб наовардааст”.

Мавқеи Муборак Гиёева ва ё вакили дифоаш ба ҳукм маълум нест. Хешовандони зан ӯро бегуноҳ медонанд.

Дар шаш моҳи соли 2021 дар Хатлон зиёда аз 20 наврас худкушӣ кардаанд ва сабаби марги аксари онҳо маълум набудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button