Хабарҳо

Даргузашти ду ҳоҷии тоҷик зимни адои ҳаҷ

Даргузашти ду ҳоҷии тоҷик зимни адои ҳаҷ

Муҳаммад Расулови 62-солаи сокини шаҳри Исафара ва Қизларгул Тоҷиева сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ фавтидаанд.

Кумитаи дин бо истинод ба сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Турахон Шарифзода хабар медиҳад, ки ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштаанд.

Маросими ҷанози зоирон дар “Масҷид-ул-ҳаром” баргузор гардида аст.

Ба иттилои манбаъ, зоирони дигари тоҷик солим буда, бинобар сабаби гармии аз ҳад зиёди ҳаво баъзеи онҳо «бо сабаби нушидани оби хунук, бо беморҳои дарди гулӯ, зуком, баландшавии ҳарорат, бемадорӣ, дарди мушакҳо, фишорбаландӣ ба табиб муроҷиат мекунанд».

Инчунин гуфта мешавад, байни зоирини тоҷик то имрӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба “COVID-19” ба қайд гирифта нашудааст ва шароити хубе барои пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ба зоирони тоҷик муҳайё шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button