Хабарҳо

Ҷабҳа музокиротро бо Толибон дар Душанбе рад кардааст

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабарҳоро дар бораи эҳтимоли гуфтугӯи онҳо бо намояндагони Толибон дар Тоҷикистон беасос хондааст.

Дар баёнияе, ки дар саҳифаи расмии Ҷабҳаи муқовимат нашр шуд, таъкид кардаанд, ки ин гурӯҳ “сулҳи пойдору воқеиро роҳи ҳалли аслии мушкил медонад, аммо Толибон ҳамоно ба музокира ва сулҳ эътимод надоранд ва ба қудрати ғайриқонунии худ бо роҳи зӯлму зӯр идома медиҳанд”.

Чанде пеш баъзе аз расонаҳо дар Тоҷикистон хабар доданд, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти сарварии Аҳмад Масъуд ният дорад, дар Душанбе бо Толибон гуфтушунид кунад.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер зери раҳбарии Аҳмад Масъуд ба зидди Толибон меҷангад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button