Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Шикасти мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар CAFA-2022 аз тими Ӯзбекистон

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз дастаи Ӯзбекистон шикаст хӯрд. Дастаи Юсуф Рабиев ба дарвозаи рақиб як гол ҳам ворид карда натавонист

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дастаи занонаи Ӯзбекистон дар нахустин бозии чемпионати CAFA — 2022 тими Тоҷикистонро голборон кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Бозӣ бо ҳисоби 6:0 анҷом ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолибон хет-трикро Нилуфар Қудратова анҷом дод. Илвина Аблякимова ду гол зад ва Заррина Мамадкаримова як голи дигарро ба дарвозаи тими миллии Тоҷикистон ворид кард.

Чанд соат пеш аз ин дар майдони Душанбе дастаҳои занонаи Туркманистон ва Қирғизистон вохӯрданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Пас аз ду даври бозии CAFA — 2022 Championship Women, тимҳои Ӯзбакистон ва Эрон, ки сеимтиёзӣ ба даст овардаанд, бо ҳам пешсафанд. Дастаи мунтахаби Туркманистон бо ду хол дар сегонаи беҳтарин қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button