Хабарҳо

Кӣ барои нерӯгоҳи «Роғун» чарха месозад?

Тоҷикистон дар масъалаи тавлиди чархаҳо барои нерӯгоҳи «Роғун», ки қаблан интизор мерафт, аз Украина оварда шаванд, бо дигар ширкату кишварҳо гуфтушунид мекунад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Мақомоти тоҷик барои сохтмони чархаҳои «Роғун» бо ширкатҳои истеҳсолии ҷаҳонӣ музокирот дорад.

Дар ин бора Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар гуфтушунид бо ширкати «Voith»-и австриягӣ натиҷаҳои назаррас ҳосил шудааст. Дар назар аст, музокирот ояндаи наздик ниҳоӣ шаванд, афзуд ӯ.

Шоимзода изҳор дошт, ки тафсилоти бештар дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба майдони сохтмони «Роғун», ки феълан идома дорад, ироа хоҳад шуд.

Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол ду чархаи нерӯгоҳи «Роғун» фаъолият доранд, ки дар корхонаҳои «Харков»-и Украина сохта шудаанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни боздид аз майдони сохтмони «Роғун» гуфт, ин иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва ҳукумат дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Саривақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии неругоҳи барқи обии “Роғун” эътимоди қавӣ дорад, таъкид кардааст Раҳмон.

Маврид ба зикр аст, ки феълан дар баробари ҷустуҷӯи сармоягузор ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлат ҳамасола маблағи муайянро ба сохтмони нерӯгоҳ равона мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button