Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Владимир Путин ба Эрон меравад

Сухангӯи Кремл низ сафари раисҷумҳури Русия ба Ҷумҳурии Исломии Эронро тасдиқ кард ва изҳор дошт, ки ӯ дар Теҳрон бо ҳамтоёни турку эронии худ мулоқот мекунад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳафтаи оянда аз Эрон дидан мекунад. Дар ин бора хабаргузории «Mehr» бо истинод ба раиси кумиссиюни иқтисодии порлумони Эрон гузориш дод.

«Президенти Русия Владимир Путин ҳафтаи оянда ба Эрон сафар мекунад», — омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон, сухангӯи Кремл, Дмитрий песков низ сафари Владимир путин ба Эронро тасдиқ намуда, гуфт ин сафар рӯзи 19 июл сурат мегирад.

Ба таъкиди Песков, Владимир Путин дар Теҳрон бо раисҷумҳурони Эрону Туркия, Иброҳим Раисӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон мелоқот мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки охири моҳи июн Владимир Путин дар нишасти сарони кишварҳои ҳошияи Хазар дар Туркманистон бо раисиҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ шахсан мулоқот кард.

Ҳамчунин, раисҷумҳури Эрон дар сафари ахираш ба Маскав дар кохи Кремл бо Владимир Путин дидор карда буд ва ҳамакнун ин дидори саввуми руасои Ҷумҳуриҳои ду кишвар хоҳад буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button