ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Манобеъ: Раиси КҲФ дар Кӯлоб «баъди баҳс барои об» фавтидаст

Ба иттилои дарёфтӣ, Абубакр Саидзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб, баъди баҳс бар сари тақсими об ва боло рафтани фишораш, фавтидааст.

Назари расмӣ дар ин бора дастрас нест. Баъзе аз дӯстону ҳамкоронаш рӯзи 11-уми июл марги ӯро тасдиқ карданд, аммо тафсилот надоданд.

Манобеъ мегӯянд, Саидзода деҳқонӣ ҳам мекард ва дар зодгоҳаш, ноҳияи Данғара, замини пахта дошт. Ӯ рӯзи якшанбе дар онҷо будааст.

«Пас аз нисфирӯзӣ дар сари замини пахтааш барои тақсими об бо шаш нафар баҳс кардааст. Фишори хунаш боло рафта, дар ҳамон ҷо аз по афтодааст,» – гуфт як ҳамсуҳбати мо дар минтақа.

Манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абубакр Саидзодаро рӯзи 11-уми июл дар ноҳияи Данғара дафн кардаанд.

Ҳанӯз маълум нест, онҳое, ки бо Абубакр Саидзода сари тақсими об вориди баҳс шудаанд, киҳо ҳастанд ва оё дар ин замина парванда боз шудааст ё не. Мақомот то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Сарҳанг (полковник) Абубакр Саидзода аз нимаи дуюми соли 2015 дар мансаби раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб кор мекард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button