Хабарҳо

Расонаҳо: гумонбаршуда дар қатли собиқ сарвазири Ҷопон иқрор шуд, ки мехост бомба созад

Оҷонсии иттилоотии «Kyodo» менависад, ки гумонбаршуда дар қатли собиқ сарвазири Ҷопон дар бозпурсӣ иқрор намудааст, ки аз пайи сохтани бомба буд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тетсуя Ямагами, ки Синдзо Абэ-нахуствазири Ҷопонро паррондааст, иқрор шуд, ки талоши сохтани бомбаро доштааст.

Дар ин бора, хабаргузории «Kyodo» бо такя ба манобеи интизомӣ хабар дод. Тибқи гузориш, ин мард чанд силоҳи оташфишон сохтааст.

Ба иттилои ин ниҳод, субҳи рӯзи якшанбеи 10 июл, Ямагами 41-сола ба додситонӣ интиқол дода шуд.

Синдзо Абэ рӯзи 8 июл дар шаҳри Нараи Ҷопон ҳангоми суханронӣ дар яке аз хиёбонҳои шаҳр мавриди ҳамла қарор гирийфт. Ҳамлагар аз қафои сиёсатмадор, аз масофаи тақрибан 10 метр ду тир холӣ кардааст.

Абэ ба беморхонаи Донишгоҳи тиббии Нара бурда шуд ва пас аз панҷ соат даргузашт. Сиёсатмадор 67-сола буд.

Ҳангоми бозпурсӣ Ямагами дар аввал гуфт, ки аз Абэ норозӣ буд, аммо баъдан изҳор дошт, ки ҳадафи ӯ аслан як сиёсатмадори дигар буд ва Абэ баъдтар интихоб шуд ва гӯё Абэ бо «ташкилоте» ҳамкорӣ дошт, ки гумонбаршуда бо он моҷаро дошт.

Маврид ба зикр аст, ки маросими видоъ бо сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ рӯзи 11 июл дар маъбади буддоии Ҷоҷоҷӣ дар маркази Токио ва маросими дафни сиёсатмадор 12 июл баргузор мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button