Хабарҳо

18 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ХИДМАТЧИИ ҲАРБӢ БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР ВА ФИРОР

18 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ХИДМАТЧИИ ҲАРБӢ БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР ВА ФИРОР

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе бо ҳукми худ аз 6 июни соли 2022 хизматчии ҳарбӣ-курсант Бахтовари Раҳмоналиро бо ҷурми даст доштан дар қочоқи 8 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш ва фирор аз қисми ҳарбӣ гунаҳкор шинохта, ба 18 соли маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, Бахтовари Раҳмоналӣ 12 июни соли 2017 филиали Академияи ҳарбии ақибгоҳ ва нақлиёти шаҳри Пензаи Федератсияи Россияро хатм намуда, пас аз хатми мактаби олии ҳарбӣ ӯ уҳдадор буд, ки барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба вазорати мудофиа ҳозир гардад. “Аммо номбурда бе сабабҳои узрнок аз идомаи адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, вақтро ба салоҳдиди худ гузаронида, аз 12 июни соли 2017 то 21 феврали соли 2022, яъне муддати зиёда аз 4 сол аз иҷрои вазифаҳои хизматии ба зимааш гузошташуда канораҷӯӣ кардааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Маркази матбуоти Додситонии кул меафзояд: “Ғайр аз ин, ӯ кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода охирҳои моҳи январи соли 2022 бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо рафиқаш шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо номи “Зубайдулло” тариқи сомонаи интернетии “Вотсап” дар тамос гашт. Зимни суҳбат бо таклифи Зубайдулло ҷиҳати дастрас намудани 18 кг воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш” маслиҳати пешакӣ намуда, бар ивази маблағи 22.000 сомонӣ аз махфигоҳи пешакӣ муайяншуда воситаҳои нашъадорро ба микдори махсусан калон дастрас карда, барои ба соҳибияти каси дигар додани ин воситаҳо то шаҳри Душанбе, ғайриқонунӣ интиқол медиҳад. Сипас, ӯ бо ҳамаслакаш “Зубайдулло” дар тамос шуда, аз амалӣ гаштани қасди пешгирифтаашон хабар додааст ва ба воситаи корти пластикии “Душанбе-ситӣ” маблағи маслиҳат намудаашро ба миқдори 22000 сомонӣ гирифтааст”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button