Хабарҳо

КӮДАКИ 5-СОЛАРО 5 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФУРӮХТАНӢ БУД. БОЗДОШТИ ЯК КӮДАКРАБО ДАР ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

КӮДАКИ 5-СОЛАРО 5 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФУРӮХТАНӢ БУД. БОЗДОШТИ ЯК КӮДАКРАБО ДАР ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” хабар дод, ки кормандони раёсати кофтукови ҷиноии ин вазорат (раҳбараш полковник Шоҳрух Саидзода) ахиран як ҷинояти гӯшношуниди кӯдакрабоиро ошкор ва марди 35-солаеро, ки кӯдаки панҷсоларо дуздида, ба маблағи 5 ҳазор доллар фурӯхтанӣ буд, дасттгир кардаанд. Cокини кӯчаи Айнии пойтахти Тоҷикистон шаҳрванд Қурбонов Шавкат, соли таваллудаш 1987, ки қаблан 3 маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ҷараёни корро ба таври муфассал чунин нақл кард: “Ман бо як зан, ки барояш кӯдак даркор буд, шинос шудам. Ман ӯро фиреб кардам, гуфтам, ки бачаи апаи худамро гирифта медиҳам ба Шумо. Вай розӣ шуд. 5 ҳазор доллар маслиҳат кардем, вай қабул кард. Баъд ман рафтам пеши “Деҳқонбозор”. Як кӯдакро тоқа дидам ва пурсидамаш, ки яхмос мехӯрӣ? Ҳа гуфт. Яхмос гирифта додамаш ва бурдамаш ба боғи пушти бозори “Саховат”. Онҷо бояд вомехӯрдем, вале маро дастгир карданд. Агар дастгир намекарданд, он кӯдакро 5 ҳазор доллар мефурӯхтам.”

Акнун ба ӯ барои рабудани кӯдаки баръало ноболиғ аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button