Хабарҳо

Одамрабое дар Душанбе боздошт шуд: кӯдаки бегонаеро мехост бо панҷ ҳазор доллар фурӯшад

Одамрабое дар Душанбе боздошт шуд: кӯдаки бегонаеро мехост бо панҷ ҳазор доллар фурӯшад

Ӯ кӯдаки як нафари бегонаро аз назди «Деҳқонбозор» бо роҳи фиреб ба маҳаллаи Саховати пойтахт оварда, аснои фурӯхтан дастгир шуд.Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як сокини 35-солаи пойтахтро бо иттиҳоми одамрабоӣ ва хариду фурӯши ноболиғ боздошт кардааст.

Тибқи гузориши ин ниҳод, боздоштшуда рӯзи 30 июни соли ҷорӣ дар маҳаллаи Гипрозем бо роҳи фиреб писарбачаи панҷсоларо ба ҳудуди боғи «Фирдавсӣ» оварда, қасди фурӯшро дошт.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳаракатҳои дастгиршуда зери назорат буд ва ҳангоме мехост ноболиғро бо панҷ ҳазор доллар фурӯшад боздошт шуд.

Дастгиршуда зимни бозпурсӣ бо маъмурини пулис гуфт, ки бо як фард ошно шуд, ки фарзанд лозим дорад ва ӯро фиреб додааст, ки бачаи апаашро гирифта ба ӯ мефурӯшад.

«Он нафар розӣ шуд, ки панҷ ҳазор медиҳад. Ман назди «Деҳқонбозор» рафам, ки як кӯдак бозӣ дорад ва ба ӯ пешниҳоди хариди яхмос кардам ки розӣ шуд. Ӯро гирифтаму ба назди ин нафар барои фурӯш овардам.

Кормандони пулис маро дастгир карданд», — гуфт дастгиршуда.

Ӯ гуфт, агар дастгир намешуд ин кӯдакро бар ивази панҷ ҳазор доллар мефурӯхт.

ВКД мегӯяд, ин нахустин ҳолати даст ба ҷиноят задани ин нафар набуда, қаблан низ се маротиба бо ҷурмҳои дуздӣ аз озодӣ маҳрум гардидааст.

Гуфта мешавад, алайҳи боздоштшуда бо моддаҳои 130 — одамрабоӣ ва 167-хариду фурӯши ноболиғон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ин моддаҳои қонун ҳар кадоме аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button