Хабарҳо

Абдуқодирзода аз исрофкориву нархҳои осмонӣ дар рӯзи ид гуфт: ба худ ҷабр накунед

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, оростани дастархони идона ва идгардак як анъанаи мардумӣ аст, на исломӣ ва кардани он низ озод аст

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Саидмукаррам Абдуқодирзода, раҳбар Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки ба оростани дастархони пурдабдаба ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳем.

Ҳар шахс бояд то ҳадди имкон дастархони худро оро диҳад. Агар мо имкон надошта бошему қарз карда, дастархони пурдабдаба ороем, хеҷ савобе ба мо намерасад, таъкид кардааст ӯ.

«Оростани дастархони идона ва идгардак як анъанаи мардумӣ аст, на исломӣ. Аз ин рӯ ман, ҳамчун Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегўям, ки ҳар инсоне, ки имконият надорад, барои худ ҷабр накунад», — афзудааст Абдуқодирзода.

Ӯ гуфтааст, ки сокинон фикр накунад, ки ман гунаҳкор шудаам ё ин ки суннати идро ба ҷо наовардаам, дар ин маврид хотирҷамъ бошанд. Зеро ин рафтор ғайр аз зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва зиёдаравӣ чизи дигаре нест.

Мавсуф бо таассуф мегӯяд, зиёдаравӣ ҳатто ба ҳадде мерасад, ки тоҷирони беинсоф дар ин айём нархи маҳсулотро дучанд мебардоранд.

«Ба таври сунъӣ боло бурдан нархҳо аз назари дини ислом ҳаром шуморида мешавад. Зеро он ба табақаҳои мухталифи ҷомеа душворӣ оварда, мусибатҳои зиёдеро дар пай дорад»,- таъкид мекунад манбаъ.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламо дар кишвар мушкили ғизоӣ вуҷуд надорад ва фаровонӣ, аммо бинобар афзудани талаботи харидорон аз он тоҷирон сӯистифода мекунанд.

Номбурда тоҷироне, ки ба чунин кор даст мезананд бо чунин корашон ба мардум зулм мекунанд, аммо он чанд тангае, ки бо ин роҳ ба даст оварданд, охируламр сад ғаму андӯҳро ба сари худи онҳо ва аҳли хонадонашон низ меорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button