Хабарҳои кӯтоҳҶомеа
Кӯдаки аз ошёнаи 12-ум сарозершуда наҷот ёфт (видео)

Дар Якутск роҳгузарон кӯдаки 5-солаеро, ки аз тирезаи ошёнаи 12-ум сарозер шуд, наҷот доданд.
Дар навори ин ҳодиса, ки дар расонаҳо пахш шудааст, манзараи наҷоти кӯдак мунъакис гардидааст. Дида мешавад, ки роҳгузарон матоъро паҳн мекунанд ва ба замин афтодани кӯдакро нарм мекунад.
Тибқи иттилои расонаҳо, ҳангоми афтодан кӯдак дар хона танҳо будааст. Айни замон пулис ҳодисаро тафтиш мекунад.