Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз протокол имзо карданд

Дар шаҳри Душанбе музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи сарҳад ба поён расид.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми июн бо такя ба дафтари матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки ҷаласа аз 21 то 26-уми июн гузаштааст.

Дар поёни ҷаласа протокол ба имзо расидааст, вале муҳтавои он ба монанди ҳуҷҷатҳое, ки дар гузашта имзо шуда буданд, ифшо нашудааст. Тафсилоти мулоқот ҳам ошкор нашудааст. Дар хабари расмӣ таъкид шудааст, ки “мулоқот дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт”.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ҷаласаи навбатии гуруҳҳои кориро дар қаламрави Қирғизистон баргузор кунанд.

Рӯзи 16-уми апрели имсол раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки дар мавриди 664 километр хати сарҳад тавофуқ ҳосил шудааст. Рӯзи 17-уми апрел ин иттилоъро раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам такрор кард.

Қирғизистону Тоҷикистон 970 километр сарҳад доранд, ки беш аз 500 километри он мушаххас шудааст.

Қитъаҳои миёни вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон баҳсбарангез мондаанд, ки дар наздикии он деҳаҳо ва баъзан ҳатто манзилҳои сокинони ду ҷумҳурӣ ҷойгиранд ва ин муайян кардани хати марзро мушкил мекунад. Ба далели ин номуайянӣ, аксар вақт миёни сокинон ва марзбонони ду кишвари ҳамсоя даргирӣ рух медиҳад.

Дар ин даргириҳо силоҳ низ истифода мешавад, ки боиси талафоти одамон мегардад. Яке аз чунин муноқишаҳо охири моҳи апрели соли 2021 ба вуқуъ пайваст, ки бар асари он аз ҷониби Қирғизистон 154 нафар ҷароҳат бардошта, 36 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ба ҳалокат расид. Мақомоти Тоҷикистон расман аз кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 кас хабар доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button