ВидеоТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа
Куштори зани 32-сола аз ҷониби шавҳар (видео)

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 24-уми июни соли 2022, тахминан соати 21:40-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш зани 32-солаи сокини шаҳри мазкур, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 2-маротиба ба қафаси сина ва қитфи чапаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.