ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сел роҳи мошингарди Бохтар — Ёвонро масдуд кард

Барои боз кардани роҳ ва таъмини ҳаракати нақлиёт ба ҷойи ҳодиса техника сафарбар шудааст ва ҳоло танҳо як қисми роҳ барои равуои мошинҳои сабукрав боз аст

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бар асари боронгариҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Ифтихор, деҳаҳои Навободи ноҳияи Ҷомӣ селфароӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад КҲФ.

Бар хабари ин ниҳод, сел аз кӯҳдоманҳо омада, роҳи мошингарди самти Бохтар-Уйлӣ-Ҷомӣ-Ёвонро пурра хароб кард.

Зикр гардид, ки барои боз кардани роҳ ва таъмини ҳаракати нақлиёт ба маконҳои харобгардида техника сафарбар шуд ва феълан танҳо як қисми роҳ барои равуои мошинҳои сабукрав боз аст.

КҲФ мегӯяд, поксозии роҳ идома дорад.

Ҳамчунин боронгариҳои шадиди шаби 20 ба 21 июн дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав хисороти зиёд овард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button