ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дарёфти ҷасади кӯдак дар Бохтар, ки ҳашт рӯз қабл нопадид шуд

Сабаби ғарқ шудани писарбачаи нӯҳсола дар канали Ҷайҳун маълум нест ва волидонаш низ дар ин бора ҳеҷ изҳори назар накардаанд

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар ҳашт рӯз боз кормандони милиса ва сокинони маҳаллӣ кӯдаки нӯҳсоларо ҷустуҷӯ доранд, хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ.

Бар хабари манбаъ, ноболиғ сокини кӯчаи Мирзоқодирови шаҳри Бохтар буда, бегоҳи рӯзи 14 июн аз хона берун баромада, дигар барнагашт. Тӯли ин рӯзҳо кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар ӯро ҷустуҷӯ мекарданд.

Манбаъ меафзояд, ахиран бо гузашти беш аз як ҳафта ҷасади ноболиғ аз канали Ҷайҳун дарёфт шуд.

«Аз ШВКД дар шаҳри Бохтар ба Раёсати КҲФ дар бораи намудор шудани як ҷасади писарбача иттилоъ дода шуд», — омадааст дар хабарнома.

Зимнан, пас аз дастрас кардани ин хабар, наҷотбахшон зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ҷасади кӯдаки нӯҳсоларо аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.

Гуфта мешавад, феълан сабаби ғарқ шудани ноболиғ маълум нест ва волидони ӯ низ дар ин бора ҳеҷ изҳори назар накардаанд.

КҲФ ҳамчунин хабар медиҳад, ки наҷотбахшон давоми ду рӯз ҷасади духтари 19 -соларо дар ноҳияи Левакант ҷустуҷӯ доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button