ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сокини Панҷ бо иттиҳоми куштори падараш боздошт шуд

Писар пас аз нушидани шароб бо падари пиронсолаш миёнашон ҷанҷол сар зад, ки дар натиҷа ба куштор поён ёфт. Мақомот гумонбарро боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Як сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо иттиҳоми куштори падараш боздошт шудааст.

Бино ба гузориши Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон, марди аз дасти писар фавтида 78 сол дошта, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Намунаи ин ноҳия буд.

Гуфта мешавад, ҳодиса санаи 7 июн дар пайи нӯшидани шароб ва мабҳушӣ сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, писару падар якҷоя машрубот нӯшидаанд, ки дар натиҷа байни онҳо муноқиша сар мезанад.

Дар пайи ин писар бо болға як маротиба ба сари падараш зада, ӯро аз пой меафтонад ва бо ин қаноат накарда он он ба дасту баданш низ зарба мезанад.

Дар натиҷаи ин зарбаҳо Бустонов Авази солхӯрда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Боздоштшуда дар бозпурсӣ ба кормандони пулис гуфт, пас аз нӯшокии спритӣ мадҳуш шуд ва ба чунин кор даст зад.

«Арақ нӯшидам, маст шудам ва пасон ҷанҷол шуду бо болға ба сараш задам, ки ғалтид. Ман низ хобам бурд, хестам, ки падар нафас намегирад», — афзуд боздоштшуда.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи бар асоси моддаи 104 (куштор)-и Кодекси ҷиноии кишвар алайҳи дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Гумонбаршуда қаблан низ бо моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button