Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Шералӣ Кабир дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург суханронӣ мекунад

Аз Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ намояндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар баробари намояндагони даҳҳо давлати дунё дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург вазири ҳукумати Тоҷикистон низ иштирок мекунад.

Аз Тоҷикистон дар ҳамоиш мазкур Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иштирок дошта, интизор меравад, ки дар доираи он рӯзи 16 июн суханронӣ кунад, хабар дод «Ховар».

Ҳамоиши мазкур таҳти унвони «Ҷаҳони нав — имкониятҳои тоза» аз 15 то 18 июн идома хоҳад дошт. Иштирокдорон аз таъмини суботи иқтисодӣ дар шароити навин, таҳкими ҳамгирӣ ва дигар масоилро баррасӣ хоҳанд кард.

Инчунин дар назар аст, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 17 июн дар ҳамоиши мазкур иштирок кунад. Ба иттилои сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков, президент аз ҷумла дар бораи таъсири таҳримҳо ба кишвар ва ҷаҳон хоҳад гуфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button