ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сафирони даҳ давлат ба Эмомалӣ Раҳмон паёми раисҷумҳурон ва эътимоднома супурданд

Роҳбари давлат изҳори умед намуд, ки сафирони фавқулодда дар рушду таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон саҳми созгор мегузоранд

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз даҳ сафири фавқулодда эътимоднома қабул кард.

Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дода изҳор дошт, ки мулоқоти президент бо сафирони хориҷӣ дар Қасри миллат сурат гирифт.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи сафирони ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Маҷористон, Чин, Индонезия, Испания, Тайланд, Марокаш, Бразилия ва Доминиканро қабул намуд.

Сафирон дар баробари супурдани эътимоднома ҳамчунин паёму дуруди роҳбарони давлатҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон расонданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button