Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ба бозори Тоҷикистон бонки ҷадид “Душанбе сити бонк” роҳ ёфт

ТАҚХ “Душанбе сити” ба “Душанбе сити бонк” табдил ёфт ва Бонки миллӣ ба он барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъор иҷозатнома дод

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора 9 июни соли равон ба имзо расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳоди молиявӣ.

Манбаъ қайд кардааст, ки қарори мазкур дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Душанбе сити бонк” дода шуд.

“Иҷозатнома мазкур барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мебошад”, — иттилоъ додааст Бонки миллӣ.

Манбаъ зикр кардааст, ки иҷозатномаи мазкурро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло шахсан ба и.в. раиси раёсати ҶСП “Душанбе Сити Бонк” Ақдодов Хуршед супурд ва ба ӯ барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолият ва саҳм доштан дар рушди низоми бонкии кишвар, барои зиёд кардани қарздиҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ муваффақият хост.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button