ДУ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ НИМ МИЛЛИОН ВА ДУ ДУЗДӢ ДАР ДӮСТӢ ВА НОРАК

ДУ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ НИМ МИЛЛИОН ВА ДУ ДУЗДӢ ДАР ДӮСТӢ ВА НОРАК
Сокини 35-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2022 бо роҳи фиреб аз як сокини 52-солаи Ҳисор мошини тамғаи “Тойота Камри”-ро 110 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифта, то ҳол пулашро надодааст. Ҳамчунин сокини 30-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи декабри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии зани 44-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 352 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
ххххххххххххххххх
Сокини 37-солаи ноҳияи Дустӣ, Аджисланов Искандар, ки пеш 4 -маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, рӯзи 4 июн аз Панҷшанбебозор як дучархаро ба яғмо бурдааст. Сокини 31-солаи ноҳияи Фархор, Рамазони Абдулмуминзода бо гумони дар санаи 30 май дуздидани 3 телефони кӯҳна аз дӯкони тармими телефонҳо дар шаҳри Норак дастгир шудааст.