ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар Тоҷикистон кӯдакон бештар аз ҷониби наздиконашон таҷовуз мешаванд

Солҳои ахир дар Тоҷикистон мавридҳои таҷовуз ба номуси кӯдакон бештар ба мушоҳида мерасад. Аниқтараш оиди чунин ҳолатҳо дар расонаҳо бештар менавиштагӣ шуданд. Тибқи мушоҳидаҳо, сомонаи расмии Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ танҳо дар солҳои охир дар бораи ҷиноятҳои марбут ба таҷовуз ба номуси ноболиғон ба таври фаъол хабар медиҳад. Ва расонаҳои мустақил танҳо дар бораи ҳодисаҳое хабар медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ расман хабар додаанд.

Танҳо дар солҳои 2019-2020, тибқи гузориши вижаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, 402 мавриди зӯроварии ҷинсӣ алайҳи кӯдакон сабт шудааст.

Зӯроварии ҷинсӣ амалҳои зеринро дар бар мегирад: таҷовуз ба номус, ҳаркатҳои бадахлоқонаи хусусияти шаҳвонӣ дошта, алоқаи ҷинсӣ ва дигар амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахси то 16-сола, ҳаркатҳои бадахлоқона.

Тибқи иттилои расмӣ, ки дар маърӯзаи солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон зикр шудааст, дар се соли охир (2019-2021) дар Тоҷикистон 45 мавриди таҷовуз ба номуси ноболиғон сабт шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ ва додаҳои шахсии мо, ки бар асоси мавдҳои дар расонаҳо ва сомонаҳои сохторҳои қудратӣ нашр шуда, ҷамъоврӣ шудаанд, дар соли 2021 ҳолатҳои таҷовуз ба номуси кӯдакон коҳиш ёфтааст.

Аммо, намунаи ҳолатҳо каманд  ва бо назардошти мушкилоти ҷамъоварии додаҳо, арзёбии тамоюлҳо душвор аст.

Мо тавонистем аз манбаъҳои боз маълумотҳоро дар бораи 37 ҳолати таҷовуз ба номуси кӯдакон дар тӯли 4 сол, аз ҷумла аз соли 2018 то 2021, ҷамъоварӣ кунем. Додаҳо ба он ишорат мекунанд, ки шумораи бештари ҳолатҳои таҷовуз ба номус дар Душанбе рух додаанд.

Як лаҳза мунтазир шавед то харита кушода шавад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button