ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Чӣ тавр дар вилояти Хатлон тарбузи зард парвариш мекунанд?

Дар ду  хоҷагии  деҳқонии ноҳияҳои Ҷайҳуну Қубодиёни  вилояти Хатлон кишти навъи тарбузи зарди барвақтиро озмоиш  кардандва алакай аз кишварҳои хориҷа дархости харид гирфтаанд. Чунин тарбузро чандисол пеш дар Баҳри Миёназамин парвариш карда буданд. Имрӯз ин навъи тарбуз дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидорони худро пайдо намудааст. Тарбузи зард шаклан ба тарбузи муақарарӣ монанд аст, вале дохилаш зард аст.

Дар Форуми байналмилалии содиротии “Бохтарфуд-2022” чанд рӯз пеш дар Бохтар баргузор шуд, баробари ба намоиш гузоштани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ   навъи тарбузи зардро низ ба намоиш гузоштанд, ки барои иштирокчиён хеле ҷолиб буд.

Муаллифи Your.tj бо Наҷиб  Ҳамроев, ҷонишини директори  ҶСП “Аввалин”, ки дар самти парвариш ва содироти тарбузи барвақтӣ, аз ҷумла тарбузи зард машғуланд, ҳамсуҳбат шуд.

“Тухмашро аз Ҷопон овардем”

Наҷиб  Ҳамроев  ба ҳайси мушвоир-маслиҳатдеҳ дар якчанд хоҷагиҳое, ки дар вилояти Хатлон бо усулси обёрии қатрагӣ навъи  тарбузҳои барвақтиро парвариш мекунанд, фаъоляти дорад. Имсол онҳо дар ду хоҷагии деҳқонии ноҳияҳои Ҷайҳуну Қубодиён ба таври озмоишӣ навъи тарбузи зардро кишт карданд. Тухмии ин навъи тарбузро онҳо аз Ҷопон дастрас намудаанд.

“Имсол кишти 3 навъи барвақтии тарбузро дар якчанд хоҷагиҳо санҷидем. Аз ҷумла, навъҳои тарбузи дурагакардашудаи  (гибрид) зард, сиёҳ ва бедонакро кишт кардем.

Тухмии ин навъҳои тарбузро аз Ҷопон дастрас кардаем. Мо тухмиро  ба мисли тарбузҳои навъи ҷойдорӣ кишт кардем. Ҳамаи корҳои агротехникиро дар вақту соати муайян иҷро карда, бо усули обёрии қатрагӣ парвариш кардем”, – мегӯяд, Наҷиб Ҳамроев.

Хоҷагидороне, ки навъҳои нави тарбузи барвақтиро кишт кардаанд, мегӯяд, ки  тарбузи зард аз тарбузи сиёҳ ва бедонак дида ба иқлими вилояти Хатлон  мувофиқтар аст. Онҳо чанде пеш  ҳосили тарбузи зардро  гирифтанд ва дар муқоиса ба тарбузи маҳаллӣ сифати онро беҳтар арзёбӣ карданд.

“Мо барои озмоиш ба масоҳати 20 сотиқ навъи тарбузи зардро  шинонда будем. Онҳоро бо роияи техникаи агротехникӣ кӯчат кардем. Ҳоли ҳозир палакҳои тарбузи зард афзоиши хуб дорад. Ҳосили аввал аз навъи тарбузи зард қонеъкунанда аст. Барои ҳамин онро ба намоиши имсолаи “Бохтарфуд – 2022” низ бурдем. ”, –  шарҳ дод, Наҷиб Ҳамроев.

 Тарбузи зард чӣ гуна пайдо шудааст?

Селексионерони хориҷӣ тарбузи зардро бо роҳи дурага кардани тарбуз оддии сурх бо тарбузи ёбоӣ кашф кардаанд. Навъи навии тарбуз   ширинию серобиро аз тарбузи оддии сурх ва рангу бӯйро аз тарбузи ёбоӣ “мерос” гирифтааст.

“Тахмине ҳаст, ки гӯё тарбузи зард бо роҳи корбурди ГМО ( ҷорӣ кардани геномаи лимӯ ва манго) ҳосил шудааст. Аммо ин фарзия нодуруст аст. Исбот шудааст, ки даруни  тарбузи гибридшуда ранги зардро аз тарбузи ёбоӣ “мерос” гирифтааст.

Аввалан парвариш ва истифодаи тарбузи зард дар кишварҳои Баҳри Миёназамин ва Таиланд хеле маъмул буд. Пасон, дар Русия низ ин навъи тарбуз пайдо шуд. Он ҳатто  дар баъзе минтақаҳои  Урал ва Сибир, ки он қадар офтобӣ нест, мерӯяд ва ҳосили хуб медиҳад”, – таъкид дошт, Наҷиб Ҳамроев.

Тарбузи зард аз тарбузи сурх  чӣ фарқ дорад? 

Зоҳиран тарбузи зардро аз тарбузи оддии сурх фарқ кардан осон нест. Пучоқи тарбузи зард ҳам  хатҳои баланди сабз дорад. Он аз рӯйи ҳаҷм ва шакл ба тарбузи оддӣ монанд аст. Лекин онҳоро аз намуди  дарунӣ ва тамъу бӯй фарқ кардан мумкин аст.

“Арзиши ғизоии як пораи (карч) тарбузи зард ( қариб 150 г) чунин аст: калориянокӣ  38 кКал, карбогидратҳо 6,2 г, сафеда 0,6 г, равғаннокӣ 0,1 г. Дар як пораи тарбуз 17 % меёъри шабонарӯзии витамини А, 21% витамини С мавҷуд аст. Боз он аз калтсий, магний, оҳан, натрий ва фосфорро бой мебошад”, – фаҳмонд,  Наҷиб Ҳамроев.

Фоидаиҳо тарбузи зард

Тарбузи зард системаи масъунияти баданро боқувват мекунад ва ҳангоми мубориза бо вирусу инфексияҳо ба организми одам ёрӣ мерасонад.

Ҳангоми ҳазми хӯрок тамоми модаҳои зарароваро аз узви ҳозима мебарорад.

Чун ин навъи тарбуз аз витамини А бой аст, қобилиятии биноии босираро хубтар мекунад ва чашмро аз беморшавӣ эмин медорад.

Тарбузи зард барои одамоне, ки парҳез доранд, муфид аст, зеро он калорияи кам дорад, аммо хеле серғизо аст.

Боду ҳавои вилояти Хатлон ба парвариши навъи тарбузи зард мусоид арзёбӣ мегардад. Наҷиб Ҳамроев мегӯяд, ки дар Форуми байналмилалии  содиротии “Бохтарфуд-2022” ба тарбузи зарди барвақтӣ таваҷҷуҳи зиёд дода шуд, аллакай,  аз Русия, Қазоқистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дархости харид кардаанд.

Аз ин лиҳоз, ҶСП “Аввалин” ва хоҷагидорони навоҳии  Хатлон ҳавасаманд ҳастанд, ки соли оянда низ масоҳати кишти навъи барвақтии тарбузи зардро васеъ кунанд.

Файзуллохон Обидов     

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button