Хабарҳо
Маркази заминларза дар Ӯзбекистон будааст

Маркази заминларза дар Ӯзбекистон будааст
2 июни соли 2022, соати 23:34 дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Бино ба иттилоъи Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар 59-километрии ғарби Душанбе ва 12-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Турсунзода дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон воқеъ будааст.
Гуфта мешавад, ки маркази зилзила дар умқи 10 километр воқеъ буда, 4,4 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.