Хабарҳо

Таҳқиқи навори лату кӯби як мард аз ҷониби наврас

30-юми майи соли 2022 дар шабакаҳои интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқиша ва лату кӯби як мард аз ҷониби наврасе инъикос ёфтааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, нафарони дар ин ҳодиса даст дошта, муайян карда шуданд.
Марде, ки мавриди лату кӯб қарор гирифта буд, Қосимов Собир, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Лоҳутии ноҳияи Дӯстӣ буда, дорои бемории рӯҳӣ аст. Ва шахси ӯро латукӯб намуда ва дигар шахсоне, ки дар наворанд, хонандагони синфи 9-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Дӯстӣ мебошанд.
Зимни санҷиш ошкор гардид, ки ҳодисаи мазкур дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст. Қосимов Собир дар роҳ бо алфози қабеҳ ба наврасон ва яке аз толибилмон таҳқиру дашном медиҳад, ки боиси лату кӯби ӯ аз ҷониби он наврас мегардад.
Шахсияти ҳамаи он нафароне, ки дар ин муноқиша ширкат намуданд, муайян ва бо ҳамроҳии волидайнашон ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ дастрас карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса маводи лозима тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button