Хабарҳо

КОРМАНДИ КУМИТАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ А.ҶОМӢ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА БА ДАСТ АФТОД

КОРМАНДИ КУМИТАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ А.ҶОМӢ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА БА ДАСТ АФТОД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 1 июни соли 2022 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи як корманди кумитаи идораи заминҳои ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон хабар дод. Маҳмадхоҷаев Наҷмуддин бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ва моддаи 338, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ бо истифода аз мансаб ва фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Маҳмадхоҷаев Наҷмуддин Шарифхоҷаевич дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи А.Ҷомӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо сӯиистифода аз ваколатҳои хизматии худ аз шаҳрванд “А” барои аз заминҳои ҳудуди ноҳия ҷудо карда додани 0,06га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани он маблағи 9000 сомонӣ талаб намуда гирифта, маблағи тасарруф намудаашро ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардааст”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button