Хабарҳо

БОШҚИРДИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДУ МОШИНИ МАҲБУСКАШОН (АВТОЗАК) ДОД

БОШҚИРДИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДУ МОШИНИ МАҲБУСКАШОН (АВТОЗАК) ДОД

УФСИН, Идораи зиндонҳои ҷумҳурии Бошқирдистони Русия рӯзи 31 май ба идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ду мошини маҳбускашон (автозак) дод. Ин мошинҳо дар асоси мошинҳои КамАЗ сохта шудаанд. Маросими супурдани ин мошинҳо дар маҳбаси № 9 дар шаҳри Уфа доир шуд.

“Ҳар кадоми ин мошинҳои махсус бо кондитсионер, ҳавокаш ва барномаи ГЛОНАСС муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ҳамчунин дар даруну беруни мошинҳо видеокамера насб карда шуда, автозакҳо бо биотуалет низ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд, ки ин интиқоли машбусонро осонтар мекунад”, — хабар додааст хадамоти матбуоти идораи зиндонҳои Бошқирдистон.

Ёдовар мешавем, 7 июли соли 2019 ҳангоми интиқоли 128 маҳбус аз вилояти Суғд ба Душанбе дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб 14 маҳбус ба таври мармуз ҳалок шуданд. Идораи зиндонҳо гуфт, ки маҳбусон гӯё аз истеъмоли як нони заҳролуд ҷон бохтаанд. Вале ин фарзия ҳам вуҷуд дошт, ки эҳтимолан маҳбусон дар он ҳавои гарми тоқатфарсои тобистон дар даруни автозак нафасгир шудаанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button