Хабарҳо

5 ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛМОН БО ҶУРМИ ҲАМКОРӢ БО ДОИШ МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУДАНД

5 ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛМОН БО ҶУРМИ ҲАМКОРӢ БО ДОИШ МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУДАНД

Рӯзи 31 майи соли 2022 додгоҳи олии устони Рейни шимолӣ-Вестфалия дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон 5 зодаи Тоҷикистон: Комрон Б., Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К. ва Сунатулло К. –ро, ки аз 25 то 34 сол доранд, бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони террористии ДОИШ ва омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ аз номи ДОИШ дар Олмон ба муҳлати аз 3 солу 8 моҳ то 9 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон кард.

Аз ҷумла Суннатулло К. Ба харидани силоҳ, ҳамкорӣ бо ДОИШ ва қасди куштани як паноҳҷӯи эронӣ, ки Худоро инкор мекард, ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда, Фарҳодшоҳ К. бо ҷурми интиқоли пул ба ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия ва қасди куштани як сошибкори албанӣ ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Раҳбари ин гуруҳ Равшан Б. ҳанӯз моҳи марти соли 2019 дастгир ва моҳи январи соли 2021 ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бақияро моҳи апрели соли 2020 дастгир карданд. Яке аз онҳо Комрон Б. дар Албания дастгир шуд ва моҳи майи соли 2020 аз онҷо ба Олмон истирдодаш карданд.

Муҳокимаи парвандаи ин 5 нафар дар Дюсселдорф аз 19 майи соли 2021 оғоз ёфта буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button