ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар соҳили дарёи Душанбе ҷасади як мардро пайдо кардаанд

Субҳи рӯзи 31-уми май дар соҳили дарёи Душанбе ҷасади як марди 45 – 50 ёфт шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ хабари пайдо кардани ҷасади як мардро дар наздикии боғи ба номи Умари Хайём ба КФҲ навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, расонидааст.

“Бо дарёфти хабар Дастаи зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса равон шуд. Онҳо ҷасадро бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот аз поён ба боло бароварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, – омадааст дар хабари кумита.

Гуфта мешавад, ки ақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button