Хабарҳо

ҲИЗБИ ҲОКИМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ЯК ҲОҶАТХОНА СОХТААСТ

Шуъбаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Панҷ рӯзи 27 май дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри 4 акс дар матлабе бо номи “Ташаббусҳои ҳизбӣ дар амал” дар бораи аз тарафи ҳизб сохта шудани як ҳоҷатхона дар маркази ноҳияи Панҷ хабар дод. “Дар ҷамоати шаҳраки Панҷ бо тавсия ва пешниҳоди лоиҳаҳои ҳизбӣ оиди сохтмони иншооти гигиенӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия 1 — адад иншооти гигиенӣ сарироҳӣ бо усули дренажӣ сохта бо истифода дода шуд”, — гуфта мешавад дар хабар.

Дар аксҳои нашркардаи ҲХДТ дида мешавад, ки дару девори ҳоҷатхона аз пластики сафеду сурх сохта шуда, дар сақфи он ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ “Ҳоҷатхона” навишта шудааст. Фарш ва деворҳои дохили ҳоҷатхона бо кафел пӯшонида шуда, ҳоҷатхона бо хатти об, коғаз ва ҳам бо ёршик таъмин карда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button