Хабарҳо

ОШКОР ШУДАНИ СЕ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒҲОИ 67 ҲАЗОР, 85 ҲАЗОР ВА 99 ҲАЗОРУ 500 ДОЛЛАР!

ОШКОР ШУДАНИ СЕ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒҲОИ 67 ҲАЗОР, 85 ҲАЗОР ВА 99 ҲАЗОРУ 500 ДОЛЛАР!

Сокини 34-солаи ноӽияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи октябри соли 2021 бо ваъдаи аз як бинои навбунёд дар Душанбе гирифта додани 4 манзил аз як сокини 24-солаи пойтахт 67 ҳазор доллар гирифта, ӯро фиреб додааст.

хххххххххххххх

Сокини 33-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли 2020 мошини “Мерседес-Бенс” -и сокини 31-солаи ноҳияи Кушониёнро 85 ҳазор доллар нарх карда, дар ивазаш ба ӯ дар Душабе манзили 3-ҳуҷрагӣ ваъда додааст, вале ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

ххххххххххххххххххх

Сокини 34-солаи қаблан судшудаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки соли 2021 аз сокини 36-солаи Душанбе 11 мошинро 99 ӽазору 500 доллар нарх карда, ваъда додааст, ки дар муддати муайян фурӯхта, пулашро медиҳад, вале то ҳол соҳиби мошинҳоро фиреб дода, гаштааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button