Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Баҳси сифати дору ва ҷазо барои доруи бесифат пурзуртар шуд

Ин ҳафта дар парлумони Тоҷикистон сифати доруҳо ва хатари он ба саломатии аҳолӣ ба баҳс кашида шуд. Бархе вакилон, аз муовини вазири тандурустии Тоҷикистон пурсиданд, ки дар ду соли охир ин ниҳод чӣ қадар доруи бесифатро аз фурӯш боздоштааст. Муовини вазир ба ин суол посух надод.

Имрӯз, 25 май дар ҷаласаи навбатии парлумони кишвар, вакилон лоиҳаи қонуни Тоҷикистон дар бораи  дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтиро пазируфтанд.

Гуфта шуд, ки қонуни мазкур бо дастури Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 18 августи соли 2020 ироа шуда буд, омода ва қабул гардидааст.

Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар шарҳи лоиҳаи қонун дар ҳузури вакилон гуфт, ки қонуни нав ба рушди истеҳсоли доруҳои ватанӣ, беҳтар намудани назорати сифат ва гузаронидани экспертизаи дору, таъмини аҳолӣ бо доруҳои босифат, пурзур намудани ҷазо ё ҷуброни зарар ба соломатии аҳолӣ дар натиҷаи истеъмоли дору ва ғайра равона шудааст.

Ба таъкиди вай, ба қонун 12 моддаи нав илова гардид.

Баъди суханронии муовини вазири тандурустӣ, Файзалӣ Идизода, вакили парлумон аз ӯ пурсид, ки дар Тоҷикистон чанд корхонаи муштараки истеҳсоли дору амал мекунад ва онҳо кадом намуди доруҳоро истеҳсол мекунанд?

Ғафур Муҳсинзода ба ин суол посухи қонеъкунанда надод ва танҳо афзуд, ки дар кишвар 50 корхонаи ватании истеҳсоли доруворӣ амал мекунад, ки онҳо 300 намуди доруро истеҳсол мекунанд.

Вакили парлумон, ҳамчунин аз муовини вазир пурсид, ки дар ду соли охир Хадамоти назорати тиббӣ, чӣ қадар доруи бесифатро аз фурӯш боздошт ва харҷе, ки давлат барои нигоҳдории ин ниҳод сарф мекунад, ба хизматрасонии ин ниҳод мутобиқат мекунад ё не?

Муовини вазири тандурустӣ ба ин суол посух надод ва танҳо гуфт, ки ҳоло дар кишвар тамоми захираву имкон барои истеҳсол ва ва таъмини дору мавҷуд аст.

— Дар ду соли пандемия ягон камбудӣ дар дастрасии доруворӣ дар кишвар набуд. Имрӯз дар кишвар захираи кофии доруворӣ мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 4,5 ҳазор муасисаи тандурустӣ амал мекунад ва ҳамаи онҳо бо доруворӣ таъмин мебошанд,- гуфт Муҳсинзода.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button