Хабарҳо

ТАЛАБИ 10 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ КУМАК ДАР ГИРИФТАНИ ҲУҶҶАТҲОИ РОНАНДАГӢ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23 майи соли 2022 хабар дод, ки парвандаи ҷиноятии Маҳмадӣ Мирзоев, мудири мактаби ронандагии “Меҳроб-2016”-ро баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдааст. Маҳмадӣ Мирзоев бар асоси қисми якуми моддаи 295 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба сӯиистифода аз ваколат аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиҷоратӣ айбдор мешавад.Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт: “Мирзоев Маҳмадӣ Баротович дар вазифаи директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳроб-2016” ҳамчун мактаби ронандатайёркунӣ кор карда, бо истифодаи ваколати идоравӣ бо мақсади ба даст овардани фоида ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо дар ду ҳолат маблағи 10 000 сомониро барои гувоҳномаи хатми курси таълимии ронандагӣ дараҷаи “В” талаб карда гирифта, дар эҳтиёҷоташ сарф намудааст ва ба манфиати шаҳрвандон ягон амалро иҷро накарда, ба онҳо зарари ҷиддӣ расонид”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button