Хабарҳо

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавонзани дар навор инъиксоёфта шаҳрванд Муминова Меҳрафрӯз соли таваллудаш 08.09.1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик деҳаи М.Турсунзода мебошад. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 18-уми майи соли ҷорӣ аз сабаби надоштани маблағ асабонӣ шуда, ба воситаи санг ду адад дастгоҳи худкори бонкии (банкомат) ҶДММ «Душанбе сити»-ро воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур кӯчаи С.Айниро зада корношоям намудааст. Дар ҳаракатҳои номбурда, ки қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дида мешавад, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button